Бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар толори варзишии донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ аз намудаи дастхобонӣ байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа М. Шарифов, раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ, А. Файзализода, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Э. Набизода, раиси созмони ҷавонон, раисони бюроҳои иттифоқҳои касабаи факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Даври ниҳоии мусобиқа бо иштироки 14 дастаи омӯзгорон ва 14 дастаи донишҷӯён ҷолиб ва шавқовар ҷараён гирифт.

Дар даври ниҳоӣ Шокиров Сиёвуш, омӯзгори факултети педагогика ва варзиш ва Назаров Тоҳир, омӯзгори факултети химия ва биология байни ҳам рақобат намуда, ғолибият насиби Шокиров Сиёвуш, омӯзгори факултети педагогика ва варзиш гардида, ҷойҳои якум ва дуюмро байни ҳам тақсим намуданд.

Ҳамчунин бо ғолибият дар сабқати ниманиҳоӣ Шукуров Ҷовидон, омӯзгори факултети молиявию иқтисодӣ ҷои сеюмро ба даст овард.

Дар мусобиқот байни донишҷӯён Умаров Исматулло, донишҷӯи факултети педегогика ва варзиш сазовори ҷойи якум, Холов Шоҳрух-донишҷӯи факултети химия ва биология сазовори ҷойи дуюм ва Носиров Суҳроб, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ барандаи ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва мукофоти молиявӣ қардшиносӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқоти мазкур дастаи факултети педагогика ва варзиш ғолиби мутлақ ва барандаи Ҷоми Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ гардид.

Все реакции:

4848