Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодону донишҷӯёни гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!

Мардуми сарбаланди кишвари азизамон ҳамасола рӯзи 23-юми февралро ба ҳайси рӯзи бунёди Артиши миллӣ бо тантана ҷашн мегиранд. Ин рӯз яке аз санаҳои фархундаи таърихи ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро диёри мардхези мо дар ҷаҳон ҳамчун сарзамини сулҳу оштӣ кайҳо боз худро муаррифӣ кардааст.

Оламшумул гардидани шуҳрати сулҳпарваронаи миллати тоҷикро муборизаҳои фидокоронаи Сарвари давлатамон- Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мардуми волофарҳангаш тӯли солҳои охир ба пуррагӣ исбот карданд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои мӯътамад ва асотири қадимаи Ҳинду Чин ва ҳатто устураҳои турку муғул сарзамини мо наҷотгоҳи насли башар ва нахустин парастишгоҳи рӯйи замин будааст. Сарфи назар аз он ки дифои Ватан ва нанги ватандорӣ қарзи ҳамаи соҳибватанон аст, вале масъулият имрӯз бештар ба дӯши афсарону сарбозони Артиши миллӣ қарор дорад, яъне Ватан тӯлу арз, марзу бум ва тамоми дороии худро бо боварӣ ба пои ҳифозат ба дасти афсарону аскарони соҳибнанг супурдааст, то ин ки онҳо ин муқаддасотро аз рӯи виҷдон нигаҳдор бошанд.

Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳимми давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Ва ин албатта амали воқеист. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намуда, рисолати касбии худро ба ҷо меоранд ва дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлатамон саҳми таърихии беназир мегузоранд.

Боварӣ дорем, ки оянда низ дар ҳифзи марзу буми Ватани азизамон хизматчиёни ҳарбӣ қувваю дониш ва маҳорати ҳарбии худро дареѓ намедоранд.

Устодону донишҷӯёни арҷманд, ҳамкасбони азиз!

Вазифаи муқаддаси ҳамаи мою шумост, ки сулҳи пойдор ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Мо бояд бо дарки масъулияти баланд эҳсос намоем, ки дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони ноороми имрӯза, ки ҷуғрофияи таҳдиду хатарҳои муосир рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодааст, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ, равобити неку созандаи халқу миллатҳои олам ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдидҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, миллатгароиву нажодпарастӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ кори ниҳоят муҳим мебошад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар заминаи роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падарон, барои боз ҳам устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, густариши илму фарҳанг, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар кӯшиш намоем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, Шумо ва дар шахси Шумо кулли мардуми шарифи кишварро ба муносибати ҷашни 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар рӯзгор ва фаъолияти минбаъдаи касбиатон пешрафту барор орзуменамоям.

Бигзор Артиши миллии мо ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии Ватани азизамон боқӣ монад!

Возможно, это изображение 1 человек и костюм

Все реакции:

9898