Имрӯзҳо дар тамоми факултетҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар асоси нақшаи кории соатҳои тарбиявӣ мизҳои мудаввар, суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногун бо иштироки фаъоли устодону донишҷӯён дар сатҳи баланд ташкилу баргузор шуда истодаанд.

Чунин як чорабинии тарбиявӣ дар факултети филологияи тоҷик, дар гурӯҳҳои таълимии 401-402-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик бо иштироку роҳнамоиҳои кураторони гурӯҳҳои мазкур номзади илмҳои филология Ҳакимов С.Т. ва Раҳмонов М.Б. роҳандозӣ гардид. Дар дарси намунавии тарбиявӣ сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ Ҳасанов Ш., мутахассиси шуъбаи тарбия Каримова С., устодони факултетҳои забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷик ва донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Дар дарси тарбиявӣ донишҷӯёни гурӯҳҳои мазкур оид ба бузургдошти Рӯзи Модар, эҳтиром гузоштан ба заҳматҳои онҳо маърӯза ва порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Умуман, ташкилу гузаронидани чунин дарсҳои намунавии тарбиявӣ ба беҳтар гаштани сатҳи донишу ахлоқи ҷавонон мусоидат менамояд.

Все реакции:

3939