– зери ин унвон аз 13 то 15- уми марти соли 2023 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзиши барои котибони матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст, Наврӯз Мирзо, сардори Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳи оғоз намуд. Гуфта шуд, ки мақсад аз семинари омӯзишӣ баланд бардоштани маҳорат ва малакаи дониши котибони матбуотӣ мебошад.

Сипас, аз ҷониби Рустам Гулов оид ба саводи расонаӣ, тафтиш ва санҷиши иттилоот, верификатсияи иттилоот ва фактчек маълумот дода шуд. Дар ин замина, аз ҷониби Раҷаби Мирзо дар мавзуи “Омода сохтани мавод барои нашр ва пешбурд мавод дар саҳифаи иҷтимоӣ”, “Барои интернет менависам” ва “Интихоби мавзуъ” баррасӣ гардид.

Дар идомаи семинар Қутбиддин Мухторӣ дар мавзуи “Пешгирии забони адоват”, “Бехатарии рақамӣ”, “Нетикет, одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” ва “Пост тест” маълумоти муфассал дода шуд.

Все реакции:

2828