Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқҳои эронӣ буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ1-уми фарвардин(ҳамал) ё21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд.
Тақрибан 3 ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо асотири космогонӣ оид ба табиати муранда дар зимистон ва зиндашаванда дар баҳор вобаста будааст. Дар аҳди Ҳахоманишиҳо ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятҳои бостонӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Арабҳо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кӯшиш карданд, ки ҷашнҳои қадимаю анъанавии халҳои маҳаллиро аз байн баранд. Вале халқ ба тазъиа мамониати ажнабиён нигоҳ накарда, Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро «Суннати Ҷамшед» номида, ба ҷашнгириаш иҷозат доданд. Ба ивази 7 шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шинӣ, шир, шона) 7-син ҷорӣ шуд: дастархонро бо 7 навъи неъмат, ки бо ҳарфи син шурӯъ мешуд оро медоданд: сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷид, сир, себ ва сипанд. Дар баъзе хонадон ба ҷои сумоқ ва сипанд сабзӣ, суманак ё самбӯса ҳозир мекунанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои равнақи анъанаҳои бостонии ҳалқи тоҷик шароити мусоид фароҳам омад.
Абдуманнон ҶАББОРОВ,
донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Все реакции:
1919