Наврӯз танҳо муаррифии як рӯз дар тақвим нест, балки фарҳанги амиқ ва решадор аст, ки бо тамоми одоб ва суннати худ ҳамасола умеду шодмониро барои инсонҳо дар саросари курраи Замин ба армуғон меоварад.
Наврӯз бузургдошти решаҳо, арзишҳои инсониро ҳифз ва мунтақил сохтааст. Манотиқе, ки дар он ҷашни Наврӯз бо сабкҳо ва шаклҳои гуногун баргузор мешаванд, танҳо бо чанд кишвари минтақа маҳдуд намешавад. Имрӯз Наврӯзро дар Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна, Қафқоз, нимҷазираи Балкан, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва нуктаҳои дигари ҷаҳон гиромӣ медоранд. Сарфи назар аз ин, имрӯз ҷашнҳои шабеҳи ҷашни Наврӯз дар ин кишварҳо низ баргузор мешаванд. Боиси хушнудист, ки дар таърихи 30-юми моҳи марти соли 2010 Парлумони федералии Канада аввалин рӯзи баҳори сол — 21-уми мартро бо унвони Наврӯз номгузорӣ кард. Акнун дар ин мамлакат минбаъд ҳамасола иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Боварии комил бар он дорем, ки ҷуғрофияи фарогирии иди Наврӯз дар Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимоли курраи Замин васеътар доман паҳн мекунад ва он вақт дур нест, ки Наврӯз аз ҷумлаи идҳои дӯстдоштатарини мардуми Сайёра хоҳад шуд. Зимни ин гуфтаҳо ифтихор аз он дорем, ки яке аз нишонаҳои гуворотарин ва башардӯсттарин аз тамаддуни мардуми тоҷику форс, ки Наврӯз мебошад, имрӯз беш аз пеш ба рӯзгори мардуми ҷаҳон ворид гардида, чун дар ҳазорсолаҳои қаблӣ нақши муттаҳидсозӣ, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ҳамбастагии ҷомеаю табиатро иҷро хоҳад кард.
Саодат ФАЙЗИДДИНОВА,
Саломат МАҲМАДАЛИЕВА,
омӯзгорони коллеҷи омӯзгории ДДБ
Все реакции:
1919