Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони мо расидааст.
Моро мебояд, ки бо мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офату газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Новобаста ба ин, миллати куҳанбунёд тавонист, дубора Наврӯзро зинда кунад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад, имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз расму оинҳои худро дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон бисёре аз онҳо ба мо расидаанд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-22-23-юми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукӯҳ бо тамоми расму оин таҷлил карда мешавад.
Моҳинав АҲМАДЗОДА,
рӯзномаи “Фуруғ”
Все реакции:
2222