Иди Наврӯз яке аз идҳои қадимтарин дар рӯи Замин мебошад. Он то замони пайдоиши дини зардуштӣ маълум буда, то парокандашавии давлати Модҳо дар асри VI пеш аз милод ба таври ҷашни пуршукӯҳ пешвоз гирифта мешуд. Дар давлати Ҳахоманишиён (асрҳои VI –IV то милод) ва давлати Сосониён (асрҳои III- VII милодӣ) Наврӯз иди асосии ин давлатҳо шуморида мешуд.
Таърихшиноси Юнони қадим Страбон дар бораи иди Наврӯз чунин навиштааст: «Дар замонҳои аз қадим ҳам қадимтар ва то мардуми имрӯзаи Байни Дарёҳо (Сир ва Аму дар назар аст) дар ин рӯз дар Ибодатгоҳи Оташ ҷамъ меомаданд. Иди Наврӯз, иди аз ҳама бообурӯю машҳуртарин буда, дар он рӯз савдогарон дари дуконҳои худро мебастанд, косибон корро қатъ мегардониданд, хушу хурсандӣ мекарданд, бо ҳамон хӯрокаю нӯшокиҳое ҳамдигарро меҳмондорӣ менамуданд, ки ба онҳо оташ расида бошад.
Тавре дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст, таърихи пайдоиш моро ба замони хеле қадими шоҳигарии яке аз шоҳони Форс – Пешдодиён мебарад. Анъанаи Наврӯзро бо номи Ҷамшеди афсонавӣ мепайвандад. Ба ин шоҳ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маълумоти зиёд оварда шудааст. Дар ин асари безаволи хамосавии классикии адабиёти тоҷику форс гуфта мешавад, ки асри тилоӣ барои мардум салтанати ҳафтсадсолаи Ҷамшед мебошад. Маҳз ӯ ба одамон ба ҷои либос аз пӯсти даррандагон либоси газворӣ пӯшонид, мардумро аз рӯи касбу кор ва ба табақаҳо тақсим намуд, қонуну қоидаҳоеро ба низом даровард, ки мардум бояд мувофиқи онҳо зиндагӣ кунанд. Дар «Авесто» бошад, гуфта мешавад: Ҳангоме, ки Ҷамшед аз тиллои баландсифат тахти шоҳии худро сохт, он аввалин тахт дар таърихи башар будааст. Ва онро ҳангоми тулӯи офтоб ба қуллаи баландтарини кӯҳ мебардорад ва тахти тиллоӣ аз шӯълаи офтоб нурпошӣ мекунад. Ин рӯзро Наврӯз номидаанд ва онро ҳамчун оғози соли нав қайд мекунанд.
Чунин шуморида мешавад, ки макони пайдоиши иди Наврӯз Эрони қадим мебошад, ки он парастиши Офтоб ва бо номи пайғамбари афсонавии Зардушт алоқаманд мебошад. Сарчашмаи қадимтарине, ки дар он иди Наврӯз ёдоварӣ мешавад, Авесто — китоби муқаддаси дини Зардуштӣ мебошад. Ривояти асотирие гувоҳӣ медиҳад, ки дар асри VI то милод, вақте ки Зардушт бо Аҳурамаздо ва Кайхусрав мулоқот карда, аз тахти подшоҳӣ ба ҳаво мебаромад ва ҳиссаҳои хушбахтиро ба раияти худ тақсим мекард, ин рӯз, яъне рӯзи аввали соли нав – Наврӯзро «Рӯзи Умед» номидаанд.
Дар солҳои 272 — 273 Ҳурмуз, писари Шопур дар мамлакати Сосониён ислоҳоти тақвимро гузаронид, ки бо шарофати он соли нав, ё худ, тавре ки он замон мешумориданд, Рӯзи Нав – Навсард (суғдӣ), Навсарҷӣ (хоразмӣ), Наврӯз (форсӣ) бояд ворид мешуд.
То ислоҳоти Ҳурмуз моҳ аз 30 рӯз иборат буда, он ба шаш 5-рӯзӣ тақсим мешуд ва соли нав дар давоми тамоми моҳ ҷашн гирифта мешуд. Вале, сарфи назар аз мақоми иҷтимоии шахсиятҳо ва мардум, он дар рӯзҳои гуногун қайд мегардид. Ҳамин тариқ, дар панҷрӯзаи аввал шоҳҳо ҷашнро пешвоз мегирифтанд; дар панҷрӯзаи дуюм – шахсиятҳои наҷиб; дар панҷрӯзаи сеюм – хизматгорон; дар ҳафтаи чорум – пайвандон ва хешу таборон; дар ҳафтаи панҷум – косибон ва савдогарон; дар ҳафтаи шашум — деҳқонон.
Баъд аз ислоҳот соли нав дар як сол танҳо як маротиба ва дар зарфи 6 рӯз ҷашн гирифта мешуд. Дар рӯзи 1-ум шоҳ эълон мекард, ки ӯ «баҳри некуаҳволии халқ менишинад» (хоҳиши мардуми оддиро ба назари эътибор гирифта); рӯзи 2-юм ӯ деҳқонон — кишоварзонро қабул мекард; дар рӯзи 3-юм саворагони ҳарбии яккачин ва намояндагони рӯҳониёнро қабул мекард; дар рӯзи 4-ум аъзои оила (ғайр аз писарон)-ро қабул мекард; дар рӯзи 5-ум писаронро қабул мекард; дар рӯзи 6-ум танҳо ҳамонҳоеро қабул мекард, ки ба ин мартаба сазовору шарафманданд.
Хулоса, Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёӣ буда, таърихи хоси худро дорад ва моро зарур аст, ки ин таърихро пайваста омӯхта, ба дигарон тарғиб намоем.
Қосим ОДИНАЕВ,
омӯзгори коллеҷи омӯзгории ДДБ ба Носири Хусрав
Все реакции:
2323