Наврӯз дар тӯли таърих ҳамеша ба унвони ҷашни муттаҳидкунанда ва бидуни вобастагиҳои нажодӣ, забонӣ ва динӣ ёд мешудааст. Наврӯз рӯзи миллӣ ва ҷашни ҳамаи онҳоест, ки таъриху фарҳанги муштарак доранд.
Дар баробари ин, дар тӯли таърихи дуру дароз Наврӯз рӯзи миллии ҳамаи мардумоне гардидааст, ки аз кӯҳҳои Помири Бадахшон, то интиҳои кӯҳҳои Курдистони Сурия ва аз Қафқоз, то рӯди Синд ва минтақаҳои халиҷи Форс сукунат доранд. Вале ҳар кадоме аз миллатҳои мухталифи дар ин иқлимҳо сукунатдошта маросими хоси худро барои ҷашн гирифтани Наврӯз доранд. Сарфи назар аз ин, ҳамаи онҳо ин ҷашнро бо забони соҳибони аслиаш «Наврӯз» меноманд ва фаро расидани онро ҳамчун рӯзи аввали баҳор мешиносанд.
Мардуми Тоҷикистон дар айёми иди Наврӯз хонаҳои худро барои он ки гарде аз соли кӯҳна боқӣ намонад, тозаю озода мекунанд. Дар ин сарзамин пухтани суманак, қалама, кулча ва хӯроку таомҳои гуногуни лазизу хуштамъи хос ба иди Наврӯз ҷузъҳои расму русуми ин айём аст. Ҳамчунин баргузории мусобиқот аз қабили гӯштингирӣ ва бузкашӣ низ дар ин айём аз ҷумлаи анъанаи қадимаи Наврӯзист.
Нишонаи БАРОТ,
донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Все реакции:
2525