Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар дар мавзуи “Экология ва проблемаҳои мубрами он дар ҷаҳони муосир” бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессорон, мудирон ва омӯзгорони факултети Химия ва биология баргузор шуд.

Дар мизи мудаввар Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ баромад намуда иброз дошт, ки ҳамагон хуб медонем масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити атроф дар ин шабу рӯзҳо ба яке аз масъалаҳои мубрам ва метавон гуфт, ки доғи рӯз табдил ёфтааст.Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод гардид, ки ин иқдомоти кишвари мо аз тарафи бузургтарини созмони байналмилалии ҷаҳон, яъне Созмони Милали Муттаҳид боиси ифтихору сарбаландии ҳамаи мо тоҷикону тоҷикистониён мебошад.

“Масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити атроф ва, дар маҷмуъ, беҳдошти сайёраи Замин, ки хонаи ҳамаи мо мебошад ба масоили хеле актуалӣ табдил ёфтаанд, чунки ин масоил мустақиман ба тамоми соҳаҳои ҷомеаи муосир таъсиргузор мебошанд”,- зикр кард С. Давлатзода. – Инсон ҳамчун як фарди биологӣ барои манфиати хеш ба тавозуни экологӣ ва гуногунии биологӣ таъсири калон расонидааст, ки оқибатҳои он барои кулли одамони сайёраи Замин хатарнок мебошад, аз ин рӯ, агар мо сари вақт пеши роҳи ин бархӯрдҳои номатлубро нагирем, фардо дер мешавад ва барқарор кардани назми дурусти табиат ғайри имкон мегардад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки рушди босуръати иқтисодиёт ва технология дар баробари унсурҳои мусбии хеш дорои унсурҳои манфӣ низ мебошад, ки он дар олудашавӣ ва ифлос шудани обу иқлим ва дар ин замина пайдо шудани ҳар гуна бемориҳое, ки барои кулли ҷомеаи башарӣ хатарзо мебошанд, таҷассум меёбад.

Дар идомаи суханрони баён намуданд, ки имрӯзҳо партовҳои корхонаҳои азими саноатӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани захираҳои замин ва бо истифодаи заҳрхимикатҳо дар парвариши зироатҳои кишоварзи, ба бозори истеъмолӣ ворид шудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ ташаккулёфта ва партофтани газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки боиси заҳролуд шудани замин, организми зинда ва об шудани пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон гашта истодаанд, ба инсоният ва сайёраи Замин таҳдид мекунанд.

Пазируфтани ин иқдомоти кишвари мо аз тарафи бузургтарини созмони байналмилалии ҷаҳон, яъне Созмони Милали Муттаҳид боиси ифтихору сарбаландии ҳамаи мо тоҷикону тоҷикистониён мебошад.

Дар мизи мудаввар гуфта шуд, ки дар донишгоҳ мавзуҳои фармоишӣ амал мекунанд, ки бевосита ба экология ва муҳити зист дахл дорад.

Дар охир, аз ҷониби профессорони донишгоҳ Санг Холназар ва Сатторов Абдурасул оид ба ин масъала ақидаҳои худро баён намуданд.

Все реакции:

9292