-зери ин унвон имрӯз дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” мизи мудаввар дар мавзуи “Ташаббусҳои рӯшди глобалии Пешвои миллат” бо иштироки Хурсанд Ҳамдамзода, мувини ректор оид ба таълим баргузор шуд, ки дар он номзадҳои илм, омӯзгорон ва магистрон иштирок намуданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим оғоз гардид. Зимни суханрони иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолиятти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикситон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи аҳли башарро ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра зиёд намуданд. Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат бори дигар ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки барои муҳофизат ва оқилона истифода бурдани захираҳои об бо дарки масъулиятшиносӣ ҷаҳду талош намоем.

Хулоса, мамлакати мо ба шарофати ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об мақому манзалати хосро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб гаштааст. Барои минбаъд баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ моро зарур аст, ки аз тамоми захираҳои моддӣ ва маънавӣ ба таври васеъ истифода намоем.

Сипас, дар мизи мудаввар ҳайати номзадону профессорон оид ба мавзуъҳои “Эмомалӣ Раҳмон: оғози расмии татбиқи ташаббуси нави глобалӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар амалишавии ҳадафҳои сатҳи ҷаҳонӣ”, “Ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлими сайёра”, “Аҳамияти стратегии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили обу иқлим”, “Ҳодисаҳои хатарноки гидрологӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва роҳҳои пешгирии он” баромад намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ

и ещё 5

Все реакции:

103103