Имрӯз инсоният ба мушкилиҳои азими ҷаҳонӣ, аз ҷумла низоъҳои сиёсӣ, гаравидани сокинон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, норасоии маводи озуқаворӣ, обшавии босуръати пиряхо, тағйирёбии иқлим ва амсоли ин рӯ ба рӯ гардидааст, ки барои ҳалли онҳо ҳамбастагиву робитаҳои гуногунсамти кишварҳои оламро тақозо мекунад. Аз ин миён норасоии оби ошомиданӣ, хушкшавии оби куллу дарёҳо ва вайроншавии экосистемаи табиат аксарияти кишварҳои оламро нигарон намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмину самаранок истифода намудани оби ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт ба Созмони Миллали Муттаҳид чор пешниҳод намуд, кихушбахтона онҳо эътироф ва мавриди амал қарор гирифта ситодаанд, ки ин нуфузи кишварамонро дар минтақаву арсаи байналмалӣ боз ҳам баланд бардошт. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ба таври хосса арзёбӣ гардид: “Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст”.

Солҳои охир бинобар сабаби нодурст истифода намудани захираҳои обӣ мушкилоти глобалӣ, ба хусус босуръат обшавии пиряхҳо, фаромадани ярчу селобаҳо, гармшавии аз меъёр зиёди иқлим, сӯхтори ҷангалу бешазорҳо, ки ин ҳама ба вайроншавии экосистемаи табиат оварда мерасонад, ба ҳаёти инсоният ва дигар мавҷудот хатар эҷод намуда истодааст.

Мояи ифтихор ва сарафрозии мардуми шарафманди кишварамон мебошад, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандаи худ ба ҳалли масъалаҳои обу экология нақши муассир доранд. 14 декабри соли 2022 пешниҳоди чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи созмони миллали муттаҳид ба хубӣ пазируфта шуда, соли 2025 соли Байналмилалии ҳифзи пиряҳо эълон гардид. Дар ҳошияи ин қатънома тамоми кишварҳои аъзо, ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки барои пешгирии босуръати обшавии пиряхҳо тамоми имконияту тадбирҳои заруриро андешанд. Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои 21 то 24-уми марти соли 2023 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Рӯзномаи оби Созмони миллати муттаҳид” бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, бори дигар таъкид доштанд, ки ягона омили пешрафти бахшу соҳаҳо ба об алоқаманд аст. Аз ин рӯ, бояд тамоми кишвару созмонҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу экология иттиҳод гардида, саҳми худро гузоранд. Дар баробари сарвари давлатамон Президенти шоҳигарии Нидерландия низ ҳамчун раисикунандаи “Рӯзномаи оби Созмони миллали муттаҳид” роҳҳои татбиқи ҳадафҳои пешгузоштаро шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳангоми баррасии масъалаҳои обу экология дигар кишварҳо низ фаъолона иштирок намуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи он яке аз масоили мубрами рӯз ҳисоб ёфта, тамоми муассисаҳо ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалиро водор месозад, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд ва барои ҳарчи беҳтару бештар мавриди омӯзиш ва тарғиб қарор додани аҳамияти ҳаётии проблемаи об тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳарчанд раванди зиёди захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар кишвари мо ба вуҷуд омадаву ташаккул меёбад ва ин барои таъмини мавҷудияти ҳаёти зинда ва рушди пайвастаи соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми минтақа аҳамияти хосса дорад ва моро водор месозад, ки ба ин немати бебаҳои табиӣ муносибати дурусту оқилона намоем.

Баланд бардоштани маърифати экологӣ, ба хусус самаранок истифода намудан аз манбаъ ва захираҳои таббиӣ, сарсабзгардонии муҳити зист, пешгирӣ аз вайроншавии экосистемаи табиат, партовҳои сахти маишӣ, сӯхтори ҷангалу бешазорҳо ва амсоли ин, дар маҷмуъ ба пойдории ҳаёт дар рӯйи Замин мусоидат мекунад.

Хулоса, мо бояд ба истифодаи самараноки оби ошомиданӣ муносибати дуруст намоем ва дар пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо саҳмгузорӣ кунем.

Рустамзода Муқаддас, н.и.п., дотсент, декани факултети забон ва адабиёти рус

Возможно, это изображение водоем, природа и небо

Все реакции:

33