Имрӯз дарси тарбиявии омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Саёдова Ҷамила дар мавзуи “Аз таърихи пайдоиши чакан ва махсусиятҳои чанкандӯзӣ” дар гурӯҳи 106-и ихтисоси таърихи ватанӣ ва умумӣ баргузор гардид.

Дар дарси мазкур омӯзгорон ва устодони факултет иштирок варзида, бо худ таассуротҳои нек бардоштанд.

Муаллима Саёдова Ҷамила тавонистанд, ки бо шогирдон либоси миллии чаканро моҳиятан фаҳмонанд.

Дар ҷараёни дарс омӯзгор бо донишҷӯён навъҳои гуногуни чакан ва навъҳои дигари гулдузиро намоиш доданд.

Дарс бо як маҳорати баланди касбӣ ва бо истифода аз воситаҳои гуногуну навини техникӣ гузаронида шуд, ки донишҷӯён бо завқи баланд бо худ ҷиҳатҳои таълимию тарбиявии онро гирифтанд.

Все реакции:

5252