Имрӯз дар толори китобхонаи бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав машварати тарбиявӣ зери унвони “Маҳорати суханварӣ, низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва муаррифии дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ” бо иштироки васеъи омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

Зимни машварат бо сухани ифтитоҳии Аҳлиддин Саиднуриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба тарбия оғоз гардид.

Сипас, аз ҷониби Диловар Ҷабборзода, мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар мавзуи “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва иҷрои “Стратегия ва барномаҳои давлатӣ”, Гулбаҳор Бобоева, мудири кафедари педагогика дар мавзуи “Маҳорати суханварӣ ва одоби муошират”, Шарифхон Шарифзода, мушовири ректор дар мавзуи “Муарифии дастовардҳои соҳаи илму маориф дар ДДб ба номи Носири Хусрав” ва Эмомалӣ Набизода, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи тарбия дар мавзуи “Риояи тартибу низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ” маърӯза намуданд.

Все реакции:

7272