Мо ин номҳоро зиёд шунидаему навору филмҳои зиёдеро ҳам тамошо кардаем. Кайҳоннавардӣ – тадқиқоти фазои кайҳонӣ бо ёрии дастгоҳҳои кайҳон аст, ки аз тарафи инсон идора мешавад. Аввалин маротиба азхудкунии кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи олимони Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монда шуда буд, дар ин рӯз ба кайҳон сафинаи фазоиро фиристоданд.

Рӯзи 12 апрели соли 1961 соати 9 пагоҳирӯзии вақти Москва кайҳоннаварди шӯравӣЮрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» аз космодроми «Байконур» гирди сайёраи Замин парвоз кард.

Аввалин парвози кайҳонӣ мудати як соату 48 дақиқа давом кард. Дар ин муддат Юрий Гагарин ҳам хобид, ҳам мушоҳида кард, ҳам ғизо хӯрд. Юрий Гагарин аввалин шахсест, ки бо чашми худ дидааст, ки Замин доирашакл аст. Манзарае, ки ӯ дар кайҳон дид, хеле зебо буд. «Офтоб дар кайҳон нисбат ба Замин бештар дурахшон аст. Ситораҳо дурахшонтар ва равшантар будаанд», – гуфта буд Юрий Гагарин.

Ҳукумати Шӯравӣ баъди ин парвозе, ки ҷаҳонро дар шигифт овард, ба Юрий Гагарин унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва рутбаи ҳарбии майор дод.

Парвози Юрий Гагарин саҳифаи нави таърих дар кайҳонро кушод. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин рӯзи хотирмон чун рӯзи кайҳонавардон муқаррар ва ҳамасола ҷашн гирифта мешуд, ки имрӯз аз парвози аввалини инсон ба кайҳон 62 сол сипарӣ гардид.

Шамсулло Асадуллоев,

омӯзгори кафедраи методикаи таълими физикаи ДДБ

Возможно, это изображение 1 человек

Все реакции:

4343