Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳо бо мутахассисони ҷавон тибқи «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» дар донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзонаи хатми соли таҳсили 2022-2023 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ гузаронида шуд.

Ҳамасола ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони донишгоҳ Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон таъсис дода шуда, дар ин самт вохӯриҳо доир мегардад.

Комиссияи мазкур миёни хатмкунандагони факултетҳои менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, педагогика ва варзиш вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он намояндагони раёсати таълим ва садорати факултетҳои мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин самт шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ муаззаф гардида, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти хатмкунандагон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст.

Чунин вохӯриҳо бо хатмкунандагони дигар факултетҳо идома доранд.

Все реакции:

2828