Илму дониш воситаи асосии ташаккули шахсияти инсон мебошад ва илму дониш дар натиҷаи машаққат ба даст меояд. Ранҷе, ки одам барои ба даст овардани илму дониш мекашад, асосан ранҷ не, балки ганҷи безавол аст. Илму дониш сарвати бебаҳост.

Биноӣ илму донишро воситаи асосии ташаккули шахсияти инсон донистааст. Илму дониш, гуфта буд Биноӣ, яке аз воситаҳои асосии ба камол расидани инсон аст. Ҳар як фард ба ақидаи ӯ, то илму дониш ба даст наорад ба орзӯю ҳаваси худ расида наметавонад. Аз ин рӯ, Биноӣ ба масъалаи омӯхтани илму дониш диққати махсусе дода, аҳамияти илм, шартҳои ба даст даровардани он ва бо ҳамалоқамандии илму амалро бо далелҳои раднопазир исбот намудааст.

Фотеҳи боби одами илм аст,

Чашмаи оби зиндагӣ илм аст.

Биноӣ мартабаи аҳли илмро ситоиш намуда, таъкид мекунад, ки ҳар фарде таҳсил кунад ва илму дониш ба даст орад, бузургияш ҳазор мартаба меафзояд:

Бо бузурге, ки илм ёр шавад,

Дар бузургӣ яке ҳазор шавад.

Мутафаккири бузург Носири Хусрав ба қувваи ақлу хиради инсон боварии комил дошт. Ба ақидаи ӯ инсон тавассути илму дониш дунёро дониста мегирад. Бинобар ин, инсон дар зиндагӣ бояд доимо кӯшиш намояд, ки соҳиби илму дониш гардад. Ба ақидаи ӯ, илм равшанидиҳандаи ақлу хирад, калиди дари ҳамаи мушкилоти зиндагӣ мебошад:

Тан ба ҷон зинда аст, ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст.

Саъдии бузургвор мефармояд:

Вуҷуди мардуми доно мисли зари тиллост,

Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд.

Носири Хусрав тартиб ва зинаҳои хониш ва донишро ба тарзи зер баён мекунад:

1) ҷустан;

2) навиштан;

3) хондан;

4) пурсидан;

5) омӯхтан;

6) донистану фаҳмидан;

7) ба дил ё ақлу тамиз супурдан:

Биҷӯю бинавис, он гаҳ бихон боз бипурс,

Пасаш биомӯз, он гаҳ бидону бар дил кор.

Носири Хусрав инсон ва рӯҳи онро васф намуда таъкид менамояд, ки ин мулки олам ба хоки пояш ҳам намеарзад. Ин гуна инсон мӯъҷизаовар аст ва қобилияте дорад фавқулодда. Роҳҳо ва тариқҳои гуногуни ба камолот расидани инсон вуҷуд дорад. Вале роҳи аз ҳама мувофиқ «лаззати илму амал» аст:

Туро лаззат зи илму аз амал бӯй,

Камолатро ту аз илму амал ҷӯй.

Ба ақидаи Фирдавсӣ касе, ки дар зиндагӣ илму дониши мукаммал гирифтааст, кори ӯ пешрав ва рафтору гуфтори ӯ шоистатар хоҳад буд.

Касе к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Дар ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ масъалаи омӯхтани касбу ҳунар мавқеи калонро ишѓол менамояд. Бо ақидаи ӯ, аз худ намудани касбу ҳунар сарчашмаи хушбахтии одамон аст. Бинобар ин, ӯ ба ҷавонон муроҷиат карда гуфтааст:

Ҳунар ҷӯю бо марди доно нишин,

Чу мо хоҳӣ, ки ёби зи бахт oфарин.

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мисли дигар мутафаккирони форсу тоҷик илми беамалро сахт маҳкум намуда, онро барои инсон бефоида ҳисоб кардааст:

Чу касби илм кардӣ, дар амал куш,

Ки илми беамал заҳрест бенуш.

Ҷомӣоид ба масъалаи илм сари ҳама чизҳост ва калидест, ки тавассути он ҳамаи қулфҳо боз мешавад:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.

Гулбаҳор БОБОЕВА,

номзади илмҳои педагогӣ,

мудири кафедраи педагогика.

Возможно, это изображение 1 человек

Все реакции:

77