Имрӯз 123 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Бохтар пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Дар маросими гусели хатмкунандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Фирдавс Холиқов, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, муовинони ректор, устодони донишгоҳ ва падару модарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ чун ворисони арзанда идома меёбад.

Танҳо 55 нафар хатмкунандагон аз факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, 16 нафар аз факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ, 16 нафар аз факултети техникӣ ва технологӣ, 15 нафар аз факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, 11 нафар аз факултети информатика ва 10 нафар аз факултети молиявию иқтисодӣ, ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида хатмкунандагони дигари факултетҳои донишгоҳ низ омодаи хизмати содиқона ба Ватан мебошанд.

Комрони БАХТИЁР,

сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ