Имрӯз, 3-юми майи соли 2023 суҳбат – вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо донишҷӯёни донишгоҳ, ки истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ҳастанд баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур Аҳлиддин Саиднуриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба тарбия, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, раисони ҷамоатҳо иштирок намуда оид ба имтиёзҳо ва дастгириҳои ноҳия нисбат ба донишҷӯён ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба ноҳия баромадҳо намуданд.