Дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақша чорабиниҳо шуъбаи тарбияи донишгоҳ бо иштироки бонувону донишҷӯдухтари факултетҳои донишгоҳ чорабинӣ зери унвони “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, Каримова Санавбар мутахассиси шӯъбаи тарбия ва Зувайдуллоев Ганҷина омӯзгори факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ ба сухан баромада доир ба иҷрои Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва пос доштани либосҳои миллӣ баромад намуданд.