• зери ин унвон имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷамъомади тантанавии умумидонишгоҳӣ зери унвони “Посдорӣ аз хотираи қаҳрамонони шуҷои Ватан- омили тарбияи ватандустии ҷавонон” доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Аҳлиддин Саиднуриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба тарбия оғоз гардид. Аҳлиддин Саиднуриддинзода, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ватандӯстӣ ин принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз Ватан – Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз хислатҳои наҷиб ва писандидаи ҷавонони кишвар ба шумор мерад.

Гуфта шуд, ки омӯзишии аҳамияти ватандӯстидошта ва тарғиби бештари онҳо нигоҳи ҷавононро ба олами воқеият ва арзи ҳастии хеш ба таври мусбӣ тағйир дода, дар натиҷаи он ҷавонон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд ва дар якҷоягӣ баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар мебаранд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Маҳз дар ҳамин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» амал мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ Давлаталӣ Алимов, профессори донишгоҳ ва Файзиддин Наботов, мудири кафедари таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “Ҷавонони ватандӯстӣ Тоҷикистон” баромад намудан.

Ҳамчунин, Сироҷиддин Афзалшоҳ, хатмкардаи донишгоҳ, сарбози ба эҳтиёт рухсатшудаи қисми ҳарбии 07017-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Хизмати ҳарбӣ – қарзи шарҳвандии мо ҷавонон” ва Қурбонов Акмал, магистрантӣ курси дуюми донишгоҳ, сарбози ба эҳтиёт рухсатшудаи қисми ҳарбии 0438- и Раёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар мавзуи “Ҷавонон -созандагони фардои миллат” баромадҳои пурмазмун намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии”Леваканд”-и назди донишгоҳ порчаҳои шеърии иборат аз Тоҷикистон, Истиқлолият, Ватан, Ваҳдати миллӣ мандӯзури иштирокдорон гардонида шуд.