Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо Маркази солимгардонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “10 рӯзи ҷавонӣ” чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардид ва дар он зиёда аз 30 нафар устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

Дар ин чорабинӣ Маҳмаёров Собирҷон, аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуд.

Зимни натиҷагирии доварон – Маҳмаёров Собирҷон сазовори ҷойи сеюм гардида бо Ҷому медал ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.