Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида Рӯзи ҷавонон конференсия дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ“ доир гардид.

Дар кори конференсияи муштарак Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Қурбонов Давлатбек, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, Раҳимзода Меҳроҷ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Давлатов Наҳтулл, мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни конференсия қайд гардид, ки имрӯзҳо ба ҷавонон, ки нерӯи созанда ва бунёдкори ҷомеаи навин маҳсуб меёбанд, таваҷҷуҳи зиёде аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андӯхта шудааст. “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ин тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.

Сипас, дар фарҷоми конференсия як қатор омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ гардиданд.

Натиҷаи чунин чорабиниҳо нишон медиҳад, ки ҷавонон аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат содиқона ҷонибдорӣ менамоянд. Воқеан ҳам, онҳо собит карда истодаанд, ки ояндаи давлату миллат ва пешбарандаи имрӯзу фардои ниёгони хеш мебошанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намуда, бо дасту дили гарм амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасу биҳиштосоямон бошанд.

Все реакции:

4343