Дар нашриёти ҶДММ “Матбаа”-и шаҳри Бохтар китоби тозанашри устод Искандар Икромов, зери унвони “Мухтасари саргузашти худам” рӯи чоп омад.

Китоби макур хусусияти ёддоштӣ дошта, ҳаёту фаъолияти илмӣ ва омӯзгории адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Искандар Икромовро дар бар мегирад.

Дар пешгуфтори китоб Сангимурод Шарипов, номзади илмҳои филологӣ ишора кардааст, ки устод Искандар Икромов низ дар умри 80 солаи худ аз мактабҳои бузурги илмию адабӣ баҳравар гардидааст.

Китоби “Мухтасари саргузашти худам” аз пешгуфтор, фаслҳои “Зодгоҳ”, “Аҳли хонадон”, “Давраи таҳсил”, “Донишгоҳ”, “Хизмати Модар – Ватан”, “Идомаи кор дар донишгоҳ”, “Талх аст ҷафои илм”, “Бозгашт ба донишгоҳ ва фирор аз он”, “Хонадорӣ ва ташвишҳои рӯзгор”, “Шаммае аз рӯзгори сипаришуда”, “Сафар кардан – ҷаҳон дидан”, “Соли ҷустуҷӯйҳои илмӣ ва адабӣ” ва “Ҳомӣ ва раҳнамои аҳли илму адаб” иборат аст.

Рӯзгор ва фаъолияти гуногунсамти илмиву эҷодӣ ва таълимиву тарбиявии доктори илмҳои филологӣ, профессор Искандар Икромов боиси омӯзиш ва пайравии насли наврасу ҷавон ва сокинони кишварамон мебошад.

Китоб барои адабиётшиносон, устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олию касбӣ, докторантон ва ҳамаи алоқамандони илму адаб пешкаш мегардад.

Маркази таҳлилӣ – иттилоотӣ