Рӯзи 18-уми майи соли 2023 устодони донишгоҳ, бахусус омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Пиров Аламшо бо дипломи доктори илми фалсафа, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд бо дипломи дотсентӣ, Раҳмонов Маҳмурод, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ бо дипломи дараҷаи номзади илмҳои филология ва Сулаймон Саидов, омӯзгори кафедраи педагогика ва психология бо дипломи номзади илмҳои педагогӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ қадршиносӣ шуданд.

Ҳамаи онҳоро бо шарафёб шуданашон бо дипломҳои дараҷаву унвонҳои илмӣ самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотташон комёбиҳо таманно дорам.