Устодон ва ҷавонони гиромиқадр, ҳозирини арҷманд!

Ҳамасола санаи 23 май дар кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад.

Ман ҳамчун роҳбари муассиса ифтихор аз он менамоям, ки имрӯз беш аз 80%-и кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ҷавонони саодатманд ташкил дода, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, рақобатпазирии мутахассисон дар бозори меҳнат, бо чунин неруи созанда якҷо фаъолият дорем.

Аз ин рӯ, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми ҷавонони ғаюру далери Тоҷикистонро ба фаро расидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, дар кору таҳсилатон пирӯзҳои нав ба навро орзумандам. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш вобаста ба ин захираи стратегии миллӣ чунин иброз намуданд: «Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».

Ҳукумати кишвар ҳанӯз бо ба даст овардани Истиқлолият ба мақсади ташаккули сиёсати ҷавонон дар ҷомеа соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми мазкур боиси ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба умури идораи давлат ва баланд шудани нуфузу эътибори онҳо дар ҷомеа гардид.

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавононро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳбудии шароити зиндагониву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои зуруриро андешида истодааст. Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тули солҳои соҳибистиқлолӣ як идда имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмиллалии Президентӣ –«Дурахшандагон», грантҳои давлатӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, имтиёзҳои давлатӣ оид ба ҷудо намудани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идораҳои давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории Ҳукумати мамлакат доимо идома дорад.

Дар ин замина дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» тамоми шароитҳо барои таҳсил ва фароғати ҷавон муҳайё карда шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳ наздики 20 ҳазор донишҷӯён аз ноҳияҳои дуру наздики мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ ба монанди Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркменистон, Афғонистон ва Федератсия Россия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳ дар айни ҳол 451 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунан. 60%-и донишҷӯёни таҳсилоти рӯзонаи донишгоҳ аз буҷети давлат стипендия мегиранд. Инчунин, 8 нафар стипендияи Президентӣ, 7 нафар стипендияи раиси вилоят, 15 нафар стипендияи раиси шаҳри Бохтар, 10 нафар стипедияи Иттифоқи касабаи донишгоҳро сазовор гаштаанд.

Дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар самтҳои мухталиф хеле назаррас мебошанд. Соли 2022 донишҷӯёни донишгоҳ , 4 ҷой дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», 5 ҷой дар олимпиадаи ҷумҳурявӣ миёни донишҷӯёни МТОК, 3 ҷой дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», 5 ҷойи ифтихорӣ дар озмунҳои гуногуни ҷумҳурявиро соҳиб гардиданд.

Аз он ҷумла 14 нафар донишҷӯёни донишгоҳ санаи 18-уми майи соли 2023 дар давраи ниҳоии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, 5 нафари онҳо: Ирматова Мадина соҳиби ҷойи 1 аз фанни забон ва адабиёти рус, Шамсзода Ҷамила ҷойи 2-юм аз фанни сиёсатшиносӣ, Исмоилов Шаҳобиддин ҷойи 2-юм аз фанни фалсафа, Темиров Шоҳидод ҷойи 3-юм, аз фанни назарияи иқтисод ба даст оварданд.

Соҳаи дигаре, ки ҷавонони донишгоҳ дар он муваффақитҳои назаррас доранд ин илм мебошад. Фақат дар соли 2022 ва панҷ моҳи соли 2023 бештар аз 13 нафар омӯзгорони ҷавони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳо шуданд. Дар маҷмуъ 32 олими ҷавон дар донишгоҳ фаъолият доранд.

Самти дигаре, ки ҷавонони донишгоҳ дар он муваффақиятҳои назаррас доранд ин варзиш мебошад. Дар соли таҳсили 2022-2023 дастаи волейболбозони донишгоҳ дар мусобиқаи байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии малакат бомуваффақият баромада карда, сазовори ҷойи якум ва ҷоми мусобиқа, дар мусобиқаи бокс сазовори ҷойи дуюм дар вазни то 60 кг, инчунин, дар мусобиқаи шоҳмотбозӣ низ сазовори ҷойи дуюм гаштанд.

Дар ҳамин ҷо мехостам як нуктар қайд кунам, ки ҷавонони донишгоҳ ҳисси баланди масъулият ва хештаншиносӣ дошта мафҳуми Ватан- модарро хеле хуб дарк кардаанд ва соли равон наздики 400 нафар аз хатмкунандагони донишгоҳ пас аз супоридани аттестатсияи хатм бо хоҳиши худ, яъне ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, ки ин нишонаи баланди ҳисси миллӣ ва ватандорӣ мебошад. Аз ҳисоби хатмкунандагони соли ҷорӣ то имрӯз тахминан 300 нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Дар ҳамин замина омӯзгори факултети химия ва биология Ибрагимов Азизулло дар доираи ҳамкорӣ барои табодули таҷриба ба Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Росия сафарбар гардид.

Инчунин, дар асоси Барномаи ITEC (омӯзиши забони англисӣ) чор нафар аз омӯзгорони донишгоҳ: Муҳиддинов Азизулло-омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, Ҳайдаров Шаҳриёр-омӯзгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, Давлатов Дилшод-мудири кафедраи химия органикӣ, Ҳотамзода Сайёҳат-омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика барои омӯзиш ва такмили донишҳои забони англисӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафарбар гардиданд.

Дар ҳамин замина дар санаи 03.05.2023 як гурӯҳи донишҷӯёни донишгоҳ бо теъдоди 16 нафар аз курсҳои 1, 2, 3 ва 5-ум ва як нафар омӯзгори донишгоҳ барои идомаи таҳсил, фаъолияти мувақатии корӣ ва шиносоӣ бо муҳити таълимӣ ва ҷараёни таълим ба Донишгоҳҳои вилояти Суғд сафарбар гардиданд.

Ҳозирини гиромӣ

Ташрифи раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Бохтар дар ифтитоҳи китобхонаи донишгоҳ, суҳбат бо олимону ҷавонон, ғолибони озмунҳо ба ҷавонон неруи тоза бахшида, ҳаракат ба он доранд, ки дастурҳои пешниҳодгардидаро сари вақт иҷро намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар донишгоҳ ассотсиатсияи хатмкунандагон ташкил карда шудааст, ки тибқи таҳлилҳо хатмкардагони муввафақи он дар мисоли Назаров Толиб (муовини сардори РВКД), Расулов Зикир собиқадори ВКД, Қосимзода Гурез (муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ҳасан Саъдуллозода директори ҶК “Ориёнбонк”, Соҳибов Маҳмадзоир-соҳибкори муваффақ, Валиев Сайфиддин, мудири маорифи ноҳияи Вахш ва садҳо нафари дигар имрӯзҳо дар истеҳсолот кору фаъолияти назаррас доранд, ки боиси ифтихори раёсати донишгоҳ ва намунаи ибрати ҷавонон мебошанд.

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои Миллат ҷиҳати беҳтар гардидани шароити таълиму тадрис сохтмони иншооти бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бинои 7 ошёнаи хобгоҳ барои 460 нафар донишҷӯён, бинои хонаи истиқоматии 9 ошёна барои омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бомаром идома дорад.

Дар фарҷоми сухан мехостам бигӯям, ки бовар дорем, ки Шумо – ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ, ватансозиву ватандорӣ дар атрофи давлату Ҳукумат муттаҳид шуда, чун насли ояндасози Ватан ҳамеша дар пайи андӯхтани илму дониш, азхудкунии технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва омӯзиши забони давлативу забонҳои хориҷӣ мегардед.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҷавонони азиз – устодон ва донишҷӯёни сарбаландро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, фазои сулҳу осоиш, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.