– зери ин унвон имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши илмӣ- фарҳангӣ бо хатмкунандагони таҳсили фосилавии риштаи омӯзгорӣ дар партави иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз гардид.

“Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаст, – зикр намуд Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ.

Инчунин, оид ба эътибори ҷидди додан ба сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ, сифати омода намудани кадрҳои омӯзгории фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Маҳмудҷон Ализода, муаллифи барномаҳои “Шаҳдрез”-и телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз”, оид ба шахсияти муаллим андлешарони намуд. Гуфта шуд, ки дар китоби «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ»-и Ал-Бухорӣ оварда шудааст, доир ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа чунин зикр гардидааст, ки «Муаллимон беҳтарин одамонеанд, ки ба рӯи замин мераванд. Ба онҳо маош бидиҳед, зеро онҳо фарзандони Шуморо таълим медиҳанд ва бо ин восита Шуморо, падару модари Шуморо ва хешу ақрабоятонро аз оташи дӯзах раҳоӣ мебахшанд».

Маҳмудҷон Ализода, бо сухани ибратомӯзи Муҳаммади Риҷоӣ зикр намуд, ки «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаи, раҳояш кун».

Раҳимов Сафар, мудири кафедраи психологияи донишгоҳ зимни суҳбат гуфта шуд, ки имрӯз дар назди мактаб ва омӯзгор масъалаҳои ҷиддӣ истодаанд. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омӯзгорро дар назди имрӯзу оянда зиёд месозад. Пайвастагии илму амал дар хонанда шавқи пурсуҷӯ ва кунҷковӣ фароҳам оварда, ӯро ба шахси комил будан, яъне ба сӯи дунёи дониш ва озод зистан раҳнамоӣ мекунад.

Зимни баромад Хоналӣ Қурбонзода, директори Муассисаи таълимии хусусии мактаби муосири байналсилаии “Кемберҷ” оид ба рисолати касби омӯзгорӣ баромад намуда зикр кард, ки касби омӯзгорӣ басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Омӯзгор дар рушду нумӯ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад.

Вобаста ба таҳлил ва дурнамои вазъи омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон Хоналӣ Қурбонзода ибрози назар намуда қайд кард, ки имрӯз фаъолияти касби омӯзгорӣ дар даврони гузариши низоми маорифи кишвар ва раванди мутобиқгардонии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст, ки ҳолати мазкур аз шахсияти омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд.

Дар музокирот Холова Нилуфар, Каримова Шоира, ки ҳамткунандагони донишгоҳ мебошанд оид ба рисолати касби омӯзгорӣ андешаронӣ намуданд.

Дар ин ҳамоиш аз ҷониби дастаи “Леваканд”-и назди донишгоҳ барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ омода намуда пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Комрони БАХТИЁР,

сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ