Ҷиҳати иҷроиши фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2023 №519 бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҷониби кормандони донишгоҳ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ дар ҷамоати деҳоти “Ориён”-и ноҳияи Кӯшониён тасдиқ гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки санаи 27.05.2023 боздиди ҳайати корӣ аз ҷамоати деҳоти “Ориён”, деҳаи Малик Гиёев суръат гирифт. Инчунин, ҳайати гурӯҳи корӣ бо хатмкунадагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 вохӯрӣ дар мавзуи “Китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров баёнгари таърих ва тамаддуни миллат” баргузор намуданд.

Саиднуриддинзода А.С. директори маркази таҳсилоти фосилавӣ дар баромади худ қайд намуд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърихшиносии Шӯравӣ бо хатти заррин сабт ёфтааст. Аҳамияти илмию амалии асари ҷамъбастии академик Бобоҷон Ғафуров танҳо бо он, ки вай яке аз тадқиқотҳои бунёдӣ ва муҳташам доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад, маҳдуд намегардад. Асари мазкур умуман дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Машриқзамин саҳми бориз ва арзанда мегардад. Далели аз тарафи аҳли илм эътироф шудани маҳсули меҳнатии олими тоҷик аз он иборат, ки ба «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров таърихшиносон, бостоншиносон, ховаршиносони номии Шӯравӣ, аз қабили, академикҳо Б. Б. Пиотровский, А. П. Окладников, М. П. Ким, Е. М. Жуков, И. И. Минс, М. А. Коростовсев, А. Л. Нарочнитский ва олимони шинохтаи тоҷик, академикҳо Б. Искандаров, С. А. Раҷабов, аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон А. Мухторов, бостоншиноси номӣ, В.А. Ранов, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Х. Мирзозода, файласуфи кайҳоншиноси сатҳи ҷаҳонӣ, А. Турсон ва дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ иншо намуда, ба он баҳои баланд доданд. Чунончӣ, дар тақризи худ ба ин асар, академикҳо А. П. Окладников ва Б. Б.Пиотрвский чунин навиштаанд: «Мо дар даст тадқиқоти нави ҷамъбастии олимро дар ҳудуди 60 ҷузъи чопӣ дорем. Ин асари Бобоҷон Ғафуров натиҷаи заҳмат ва тадқиқотҳои бештар аз 30-солаи ӯ дар ин мавзуст, барҷастатарин қисми фаъолияти илмии вай аст».

Шукурзод Ҷ.А.-сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи бисёр муҳим – зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносии онҳо пайваста таъкид месозанд, то ин насли ояндасоз бо ақлу хиради худ дар рушду нумӯи ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд. Барои худшиносию ҳувияти миллиро пайдо намудан бояд ба таърихи ниёгони худ назар афканед, аз таҷрибаи бою ғании аҷдодони гузаштаи худ истифода баред. Ба олимону бузургон ва сиёсатмадорони гузаштаи худ пайравӣ намоед. Доимо ҳушёру зирак бошед, вақти худро беҳуда сарф накунед, барои аз худ намудани ҳунару касбҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳед, забонҳои гуногунро омӯзед, барои таълиму тарбияи худ масъулиятнок бошед, ба Ватану миллати худ хизмат намуданро аз хотир набароред.

Сипас, хонандагони муассиса бобати таърихи миллат ва муҳимияти китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғаффуров суханронӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки дар муассисаи мазкур сохтмони синфхонаҳоии иловагӣ идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Чунин вохӯриҳо боз ҳам идома ёфта, ҷихати иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои муштарак корҳои назаррас анҷом дода мешавад.