Бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 32 нафар донишҷӯ иштирок карданд.

Озмун аз рӯйи ду номинатсия – «Даставӣ» ва «Инфиродӣ» гузаронида шуд.


Дар номинатсияи даставӣ ҷойи сеюмро Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.


Дар номинатсияи инфиродӣ бошад, донишҷӯён бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.