Маҷлиси падару модарон, яке аз шаклҳои асосии робитаи мак­таб бо оилаҳои хонандагон мебошад. Бо ин васила дар Литсейи назди донишгоҳ маҷлиси падару модарон баргузор шуд, ки дар он Ҳамдамода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Диловар Ҷаборов, мудири бахши таъминоти ҳуқуқи ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, Шоира Бобоева, директори Литсей, омӯзгорон ва волидони хонандагон иштирок намуданд.

Нахуст Шоира Бобоева, директори Литсей иштирокдоронро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуд.

Дар ин замина муовини ректори донишгоҳ Ҳамдамзода Хурсанд оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар Литсейи назди донишгоҳ ва бо омӯзгорони соҳибкасб таъмин намудани Литсей андешаронӣ намуд. Гуфта шуд, ки раванди таълими босалоҳият имкон медиҳад, ки хонанда дар як вақт барномаи таълимиро хонад, азхуд намояд ва ҳам дар амал татбиқ карда тавонад. “Дар робита ба ин ҳайати омӯзгорони Литсейро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд”, – гуфт Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим.

Сипас, Диловар Ҷаборов, мудири бахши таъминоти ҳуқуқи ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳо оид ба раванди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва шартномаи таҳсили хонандагон андешаронӣ намуд.

Дар кори машварат волиони хонандагон ба музокира баромада, фикру андешаҳояшонро оид ба таҳсили фарзандонашон иброз доштанд.

Дар охир, ба волидоне, ки фарандони онҳо дар Литсей бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарданд бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ