Имрӯз 3- юми июни соли 2023 пешдифои рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи нақлиëти автомобилии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҷалолзода Дилшодҷони Сайкабир баргузор гардид.

Рисолаи илмии муҳокимашаванда дар мавзуи “Ташкили интиқоли автомобилӣ ва рушди устувори нақлиётӣ-технологӣ вилояти Хатлон” равона гардидааст.

Зимни баррасии мавзуи муҳокимашаванда профессорону дотсентон, олимони соҳа ва омӯзгорон иштирок доштанд.