АМИТ «Ховар». Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои донишҷӯён хобгоҳи нав месозанд. Раёсати Донишгоҳи мазкур ҳамчунин сохтмони бинои 9-қабатаи истиқоматиро барои таъмини устодону кормандон бо манзили зист ба нақша гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур.

Тибқи иттилои масъулин, бинои 7-ошёнаи хобгоҳи нав барои 460 нафар донишҷӯён дар минтақаи Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Шайх Ҳусейн» аллакай оғоз гардидааст.

Мавриди тазаккур аст, ки дар хобгоҳи айни замон амалкунандаи Донишгоҳ зиёда аз 600 нафар донишҷӯ истиқомат менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз мактабҳои пешрафтаи олию касбии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар самти омода намудани мутахасссисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас дорад. Донишгоҳ дорои 14 факултет, 45 кафедра ва 70 ихтисос мебошад. Дар ин боргоҳи илму ҳунар бештар аз бист ҳазор нафар донишҷӯ аз 68 шаҳру ноҳияҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин далели боварӣ ва эътимоди мардум ба донишгоҳ мебошад. Айни замон дар донишгоҳ аз рӯйи 70 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Дар тӯли беш аз 40 соли фаъолият донишгоҳро бештар аз 45 ҳазор нафар хатм кардаанд, ки айни ҳол дар риштаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият карда, ифтихори донишгоҳ маҳсуб меёбанд.

https://khovar.tj/…/rushdi-maorif-baroi-donish-yon…/