Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки “Бо дар назардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборатаст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии тоҷикон, ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.

Ҳарчанд мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар солҳои воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон (ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997)-ро надида бошем, аммо тавассути оина нилгун, матбуоти даврӣ, асару мақолаҳои адибону рӯзноманигорон ва олимон аз инъикосӣ воқеаҳои солҳои 90-уми қарни ХХ бохабар гардида шукргузорӣ аз қарорҳои қабулкардаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат хусусан Пешвои муаззами миллат менамоем. Маҳз ҳамин Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Дар аснои он Пешвои муаззами миллат чунин иброз намуда буданд: «…бо тақозои таърих, на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муаян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».

Хушбахтона 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Бернард Шоу донишманди ҳикматшиносӣ аврупоӣ, ки бештари умри хешро сарфи тадрис кардааст, дар хусуси шинохти миллат чунин меорад: «Симои миллатро олими беҳамто, варзишгари ногузир ва сиёсатмадори вораста муаррифӣ мекунанд». Маҳз ваҳдату сулҳу субот аст, ки имрӯз кишвару миллати моро ҷавонони созандаи бо нишондоди дастовардҳои назаррас дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Мо ҷавонони накӯкору созандаи ин миллат ба истиқлолият ва ваҳдати миллии давлату миллати хеш ифтихор мекунем ва шукрона менамоем, ки мардуми соҳибватану соҳибистиқлолем. Ваҳдат барои ҷавонони созандаи ин миллат шарафу номус аст ва он бузургтарин дастоварди миллати шарафманду куҳантаърихи тоҷикон маҳсуб меёбад.

Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастона, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Таърихан чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо якбор тавлид ва амалӣ мешаванд, асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Воқеъан, ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дорои чунин хислати накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд. Ҳамин ғояи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ватан ҳаст, ки ҳамчун мавҷҳои тӯфон амалҳои фардҳо ва гурӯҳҳоеро, ки ба рушду нумӯи Тоҷикистон зиён меоранд, ба нестӣ бурда истодааст.

Сулҳу ваҳдат ганҷи бебаҳо буда, ҳифз кардану пойдор нигоҳдоштани он вазифаи ҳаётан муҳим ва муқаддаси ҳар як сокини диёр, махсусан ҷавонони баору номус ва бошараф ба шумор меравад. Ҷои шубҳа нест, ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ ҳамаи нерӯю кӯшиш, ақлу хиради худро барои бозҳам устувор гардидани дӯстию рафоқат, ваҳдати миллӣ ва ба қуллаҳои баланди рушду нумӯ расидани Тоҷикистони азиз равона кардаанд.

Бигӯзор сулҳу Ваҳдати миллии мо тоҷикон ҳамеша побарҷо бошад ва миллати мо бо фарҳанги куҳани хеш ҳамеша дар зери ливои ваҳдату дӯстӣ ва ягонагӣ сарҷамъ бошанд.

Самандар РАҶАБАЛИЗОДА,

омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ