Сухани табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода С.Х. ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ

Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!

Таърих ҳар амали шоистаро дар саҳифаҳои заррини худ сабт менамояд, то насли баъдӣ аз хондани он сабақ гирад. Корномае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст, дар таърих камназир аст.

Воқеан, Пешвое, ки дирӯз сафинаи миллатро аз тӯфони нобудӣ ба соҳили амн баровард, имрӯз ба ваҳдату ҳамбастагии тоҷик ва бо сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи худ барои ин сарзамин садди мустаҳкаме сохт, ки рахнанопазир аст.

“Ман ба Шумо Сулҳ меорам” – ин сухан ибтидои ваҳдатофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар натиҷаи талошҳои мардона дар лаҳзаҳои мушкил ва хатарнок амалӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба сари қудрат омад ва масъулияти баланди роҳбарии мамлакатро ба ӯҳда гирифт. Дар замоне ки «ҳаёту мамот»-и Тоҷикистон чун ашк дар сари мижгон буд, ӯ тавонист миллатро сарҷамъ ва давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Ӯ маҳбуби ҳамагон шуд. Мардум ӯро «Фарзанди фарзонаи миллат», «Президенти мардумӣ», «Ятимпарвар» ва билохира «Пешвои миллат» хонданд. На ҳар миллат нисбат ба сарвари хеш чунин меҳрубон аст.

Дар Ваҳдати миллии тоҷикон асарҳои безаволи шахсиятҳои номдори кишвар аз қабили «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-и устод С. Айнӣ, китоби «Тоҷикон»- аллома Бобюоҷон Ғафуров, китобҳои пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол» нақши муассир доранд.

Дар ҳақиқат, ваҳдат номаи тақдири миллат, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст. Ваҳдат барои мардуми тоҷик дар қатори вожаҳои Ватан, Модар, Забон ва Миллат муқаддас аст. Имрӯз ваҳдат ба рамзи ҳамбастагию дӯстӣ, пояндагию бунёдкорӣ ва ҳамдилию рафоқат табдил ёфтааст. Он сароғози комёбиҳову ободкориҳои мо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии ҷомеаи навин мебошад. Махсусан, худогоҳию худшиносии миллии мо, тоҷикон ба ваҳдат иртиботи қавӣ дорад, чунки маҳз ваҳдат наҷотбахш ва кафили фардои дурахшони мост.

Имрӯз, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдат қарор дорем, аз он шукргузорем, ки ваҳдат истиқлолияти моро ҳифз ва якпорчагии ватанамонро таъмин намуд, халқи парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам овард, шуури миллии моро ташаккул дод, иттиҳоду якдигарфаҳмиамонро қавӣ намуд, осоишу некуаҳволии халқро таъмин кард, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.

Устодон ва омӯзгорони азиз!

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки калонтарин муассисаи илмиву таълимӣ воқеъ дар маркази вилояти Хатлон мебошад, маҳз бо пойдор гардидани Ваҳдати миллӣ ба татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ ва созандагӣ дар соҳаи маориф ноил гардид. Махсусан дар сиёсати давлатӣ самти арзишманду афзалиятнок эълон шудани соҳаи маориф, ки қиммати баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад, ба ҳайати устодону профессорони донишгоҳ бе асар намонд. Густариши таҳсилоти босифат, ҳамгироии низоми ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, таъмини эҳтиёҷоти инсон ба донишу ҳунар ва маълумот омили муҳимми пешрафти кори онҳо гардид.

Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳисси масъулиятшиносӣ ва боварӣ ба сиёсати созандаи Президенти кишвар ба устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав имконият дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои баланди илмию таълимӣ дастрасӣ пайдо карда, дар татбиқу амалисозии сиёсати ваҳдатгароёнаи Сарвари мамлакат саҳми арзандае гузоранд.

Барои пойдорӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар руҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст. Зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи волои маърифати созандагӣ, пойдории сулҳу амнияти сарзамин, хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия намоем. Онҳоро ҳамчун такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллати фарҳангиву тамаддунсози кишвар ба ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиамон сафарбар намоем.

Итминони комил дорем, ки Шумо ҳамчун фидокори роҳи ваҳдат дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар фароҳам сохтани зиндагии осоиштаву пурнишот, бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат саҳми арзандаи хешро мегузоред.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, устодон ва шогирдони гиромиқадр!