Имрӯз 26-уми августи соли 2023 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қабули шаҳрвандон аз ҷониби Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ баргузор гардид.

Зимни қабули роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён оид ба интиқол, барқарор, гузариш ба шӯъбаи фосилавӣ, шартномаи таҳсил ва истиқомат дар хобгоҳ муроҷиат намуда аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба инобат гирифта шуд.

Инчунин, дар донишгоҳ ҷадвали қабули шаҳрвандон дар донишгоҳ тартиб дода шудааст, ки дар он рӯз ва соати қабули ректор ва муовинони ректор ҷой гирифтааст. Дар асоси ҷадвал шаҳрвандон метавонанд муроҷиати худро ба роҳбарияти донишгоҳ расонанд.

Эзоҳ: Қабули муроҷиатҳои донишҷӯён ҳар ҳафта рӯзи шанбе тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз соати 9:00 то 12:00 аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ сурат мегирад.

Все реакции:

3939