Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили илмии “Низоми андоз” гузаронида шуд.

Дар маҳфили мазкур Тоҷиддин Холов, мудири кафедра, А. Тоиров, муовини декан оид ба тарбия, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар маҳфил донишҷӯёни соли 4-уми ихтисосҳои андоз ва андозбандӣ Дӯстов Маҳмадшариф ва Назаров Муҳаммадҷон дар мавзуҳои “Андоз аз обектҳои ғайриманқул ва роҳҳои ситонидани он” ва “Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози замин” баромад намуданд.

Б. Файзуллоев,

роҳбари маҳфил