Имрӯз, 3-юми октябри соли 2023 бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 64-умин солгарди таъсисёбии телевизиони тоҷик дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Ҳолат ва мушкилоти таълими фанни журналистикаи соҳавии телевизион ва технологияҳои инноватсионии таълим” баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур дар баробари дигар муҳаққиқону олимони соҳа устодони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”, номзадҳои илми филология, дотсентони кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором ва Сангимурод Шарипов иштирок ва бо маърузаҳо дар мавзуи “Нақши телевизион дар маърифати сиёсии ҷомеа” ва “Вазъи омода намудани мутахассисони ВАО-и маҳаллӣ: мушкилот ва пайомадҳо” баромад намуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар конфронс масъалаҳои марбут ба вазъи таҳсилоти журналистӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишвар, татбиқи роҳу усулҳои самарабахши таълим ва таҳкими робитаҳо ҷиҳати омода намудани мутахассисони ояндаи соҳа мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

https://www.facebook.com/100060248152143/posts/694415282576737/?app=fbl