Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғанӣ, шево ва гӯшнавоз аст. Бо ин забон осори хеле гаронбаҳо ба мо мерос мондааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат дар мавриди бузургиву арзишмандии забони тоҷикӣ ва мақоми таърихии таваҷҷуҳ намуда, зикр дошта буданд, ки: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳони таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ мероси гаронбаҳо ва корнамоиҳои беназири фарзандони баруманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ то устод Садриддин Айнӣ, дар шакли зебову ноб, бо захираи ғаниву рангини луғату таъбирот барои мо ёдгор ва мерос мондааст”.

Таърих гувоҳ аст, ки устувории ҳар як давлату миллат аз пойдории забони он вобаста аст. Миллату давлатҳое, ки дар давоми мавҷудияти таърихии худ бо тамаддун ва осори гаронбаҳо ба иллати аз даст додани руҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаҳои таърих дур шуданд, кам нестанд.

Дарвоқеъ, забон калиди донишу маърифат аст ва дар ҳама зинаҳои инкишофи таърих метавонад ба нафъи инсон хидмат намояд. Боиси хушнудист, ки замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои мушаххасро андешида, амалӣ намуда истодааст.

Забони модарӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тайи садсолаҳо бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфт. Забони тоҷикӣ бештар аз ҳазор сол яке аз бузургтарин забонҳои илмии олам ба шумор мерафт ва имрӯз ҳам ба сифати забони илму эҷод пазируфта шудааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ пайваста зикр менамоянд, ки: “Забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии халқу миллат, пояи устувори давлату ҳукумат, омили муҳими якдигарфаҳмии одамон, пайванддиҳандаи риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳо медонанд. Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз забонҳои зиндаи ҷаҳон дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштааст.

Забони миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллат аст. Бинобар ин, беэътиноӣ ба забон, беэҳтиромӣ ба миллату давлати хеш маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширини модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ дар раванди таълиму тарбияи насли ояндасоз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки забони тоҷикӣ хишти нахустини пойдевори миллат аст ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки мо ҳамасола 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегирем.

Муқаддас Рустамзода,

декани факултети забон ва адабиёти рус