Дар факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав дарси намунавии Дилором Давлатова, мудири кафедраи экология дар гурӯҳҳои 305-306-и ихтисоси биоэкология баргузор гардид.

Дар дарси мазкур Қодир Гулов, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ ва омӯзгорон аз дигар факултетҳо иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дарси мазкур дар як сатҳи хуби касбӣ бо истифода аз усулҳои нави таълим ва воситаҳои техникии муосир гузаронида шуд.