Имрӯз дар факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат-вохӯрии Тахмина Ҷӯраев, раиси бонувони донишгоҳ бо иштироки донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Раиси бонувони донишгоҳ оид ба масъалаҳои таълиму тарбия, азхуднамудани илм ва технологияҳои замонавӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ баромад намуданд.

Инчунин, зикр намуданд, ки одобу ахлоқ, рафтору кирдор унсури аз ҳама муҳими маърифати баланди инсонӣ ба ҳисоб мераванд, бояд бо меъёрҳои муносибати байниҳамдигарӣ ва талаботи ҷомеаи имрӯза ҷавобгӯ бошанд.