ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ «ДОНИШ АНДАР КОНИ ҶОНАТ ГАВҲАР АСТ»

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони литсейи назди донишгоҳ, донишҷӯён, магистрҳо, докторантону унвонҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ рӯзҳои 15-16-уми декабри соли 2023 озмуни донишгоҳии «Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст»-ро бахшида ба бузургдошти Ҳаким Носири Хусрав баргузор мекунад.

ОЗМУН АЗ РӮЙИ 2 НОМИНАТСИЯ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД:

1. Хондан ва аз ёд кардани осори Носири Хусрав;

2. Ба оҳанг даровардан ва сурудани шеърҳо аз эҷодиёти Носири Хусрав.

ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН ДАР НОМИНАТСИЯИ «ХОНДАН ВА АЗ ЁД КАРДАНИ ОСОРИ НОСИРИ ХУСРАВ» БА ГУРӮҲҲОИ ЗЕРИН ҶУДО КАРДА МЕШАВАНД:

Гурӯҳи якум: хонандагони литсейи назди донишгоҳ;

Гурӯҳи дуюм: донишҷӯёни ҳама факултетҳои донишгоҳ;

Гурӯҳи сеюм: магистрҳо, докторантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ;

Гурӯҳи чорум:омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ (ба истиснои омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои филологияи тоҷик);

Иштирокчиёни озмун дар номинатсияи «Ба оҳанг даровардан ва сурудани шеърҳо аз эҷодиёти Носири Хусрав» ба гурӯҳҳои синнусолӣ ҷудо карда намешаванд.

ТАЛАБОТ АЗ ШИРКАТКУНАНДАГОНИ ОЗМУН ДАР НОМИНАТСИЯИ «ХОНДАН ВА АЗ ЁД КАРДАНИ ОСОРИ НОСИРИ ХУСРАВ»

1. Ифоданок ва таъсирбахш аз ёд гуфтани 100 байт аз маснавиҳои Носири Хусрав (“Саодатнома”, “Рӯшноинома”);

2. Аз ёд гуфтани як қасидаи комил аз эҷодиёти Носири Хусрав;

3. Мувофиқи дархости ҳайати ҳакамон нақл намудани лаҳзаҳои мушаххас аз “Сафарнома”-и Носири Хусрав;

4. Шарҳу тавзеҳи луғоту истилоҳот ва мазмуни осори азбаркарда.

ТАЛАБОТ АЗ ШИРКАТКУНАНДАГОНИ ОЗМУН ДАР НОМИНАТСИЯИ «БА ОҲАНГ ДАРОВАРДАН ВА СУРУДАНИ ШЕЪРҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ НОСИРИ ХУСРАВ»

1. Хушоҳанг ва таъсирбахш сурудани шеър;

2. Мувофиқати матни суруд бо оҳанг.

ҲАВАСМАНД КАРДАНИ ҒОЛИБОН

Ғолибони ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм ва Шоҳҷоиза аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҷойи 1-ум 3 000 сомонӣ.

Ҷойи 2-юм 2 000 сомонӣ.

Ҷойи 3-юм 1,5 00 сомонӣ.

Шоҳҷоиза 4 000 сомонӣ.

Эзоҳ: Барои иштирокчиёне, ки осори мазкурро бо забонҳои русӣ, англисӣ ҳифз мекунанд, бартарӣ дода мешавад.