БОБИ НУҲУМ

ДАР ЭҲСОН

Паи нафъ ихтилоти сифла магзин,

Ки дунёӣ биафзояд, равад дин.

Ба бахшиш кўш, то дастат шавад пур,

Макун бар кас ба симу зар тафохур.

Бидеҳ, чун дод неъмат кирдгорат,

Ки надҳад баҳри ту меросхорат.

Ба Яздон деҳ, чу дар бахшиш шитобӣ,

Ба Яздон ҳар чӣ бидҳӣ, бозёбӣ.

Баровар ҳоҷати дарвеши дилреш,

Битарс аз рўзи ҳоҷатмандии хеш.

Ҷавонмардӣ саодатро далел аст,

Зи ҳар кас ин сифат н-ояд, бахил аст.

Сахитабъ эмин аст аз дӯзаху нор,

Бахил андар сақар гардад гирифтор.

Сазад дар хона, гар ноне надорӣ,

Ки дар баста ба меҳмоне гузорӣ.

Чӣ бадтар: дар карам таъхир кардан.

Чӣ беҳтар: гурсунаро сер кардан.

Махўр ғам баҳри ризқу рўзии ў,

Ки бо ҳар кас равон шуд рўзии ў.

Ба тобистон бидеҳ ту кўзаи об,

Зимистон оташеву мавзеи хоб.

Давом дорад…