БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

Имрӯз 30-юми ноябри соли 2023 дарси кушоди намунавии номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором Юнус машғулияти КМРО дар гурӯҳи 406-и ихтисоси журналистика ва тарҷумонӣ аз фанни “Тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ” дар мавзуи “Тарҷумаи маводи тоҷикӣ ба забонҳои русию англисӣ тавассути барномаҳо” баргузор гардид. Дар дарси мазкур устодони кафедраҳои донишгоҳ иштирок карданд. Машғулият бо…

Муфассал

КОНФРОНСИ ИФТИТОҲИИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ИХТИСОСИ РӮЗНОМАНИГОРӢ

Имрӯз 30-юми ноябри соли 2023 конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар гурӯҳи 405-и ихтисоси рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо)-и факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид. Дар конфронс декани факултети филологияи тоҷик номзади илмҳои филологӣ, Ҳакимов Саъдулло, роҳбари таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишгоҳ Наҷмиддинов Давлатмурод, роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Абдураҳимов Файзулло, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент…

Муфассал

МУҲОКИМАИ ДУ ДОКТОРАНТ (PhD) ДАР ФАКУЛТЕТ

Дар факултети Молия ва иқтисоди ДДБ ба номи Носири Хусрав муҳокимаи ду нафар докторант Шарипов Исроил Маҳмадкаримович дар мавзуи «Такмили механизмҳои идоракунии қарзҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Улфатов Улфат Ғафорович дар мавзуи «Роҳҳои такмилдиҳии механизмҳои идоракунии қарзҳои истеъмолӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Муфассал

ҲИМОЯИ МУВАФФАҚОНАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

Дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-063 – и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Наимзода Насимҷон, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Такмили таъминоти иттилоотии ташкили хизматрасониҳои сайёҳӣ (дар асоси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)» аз рӯи ихтисоси 08.00.04.06- Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Умаров Ҳоҷимаҳмад ҳимоя намуд.

Муфассал

“ФАРЗАНДОНИ НОМБАРДОР”-И АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ”

Зери ин ном нашри дуюми китоби тозанашри Абдулҳай Комилӣ, профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав дар ҶДММ “Меҳроҷ-граф” аз чоп баромад. Китоби мазкур роҳнамоест, андар Берунишиносӣ. он ҳам барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва ҳам барои донишҷӯёни курсҳои ибтидоии донишкадаву донишгоҳҳо судманд хоҳад буд.

Муфассал

“ОМӮЗИШИ ҚОНУНИ БАҚОИ ЭНЕРГИЯ ҲАНГОМИ БАРҚАРОР КАРДАНИ МУВОЗИНАТИ ГАРМӢ”

Дар гурӯҳи 201 – и ихтисоси физика (фаъолияти илми педагогӣ) дарси кушоди доктаранти курси 2-юми факултети физика Соҳибов Нозим дар мавзуи “Омӯзиши қонуни бақои энергия ҳангоми барқарор кардани мувозинати гармӣ” доир гардид. Зимни амалияи раванди дарс гуфта шуд, ки дар бисёр таҷрибаҳо бо падидаҳои гармӣ талафоти энергияро ба муҳити зист кам кардан лозим аст. Барои…

Муфассал

“НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ ВА ШАКЛҲОИ ОН”

Дар ихтисоси хадамоти гумруки факултети Гумрук ва таҳлили иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав дарси кушоди Р. Аминов, аз фанни “Ташкили назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт” дар мавзуи “Назорати гумрукӣ ва шаклҳои он” баргузор гардид. Гуфта шуд, ки назорати гумрукӣ маҷмӯи тадбирҳое мебошад, ки мақомоти гумрук бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва…

Муфассал

ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИФОДАКУНАНДАИ СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТӢ

«Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ваҳдати миллӣ мебошад». Эмомалӣ Раҳмон Парчам – яке аз рамзҳои асосии давлатдорист. Дар муносибатҳои байналмилалӣ бошад, парчам нишонаи асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳама парчамҳои миллӣ баҳри баёни худшиносии миллӣ ва идеали миллӣ хизмат мекунанд.Пайдоиши аввалин парчамҳо аз парчамҳои баҳрӣ сарчашма мегирад. Дар баҳр барои…

Муфассал