Имрӯз зери роҳбарии Исозода Тоҷиддин, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар саҳни бинои факултети Таърих ва ҳуқуқ Раҳимова Шоира, ғолиби ҷойи дуюми даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”-ро бо гулдастаҳои зебо пешвоз гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Раҳимова Шоира, донишҷӯи курси панҷуми факултети Таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ буда, зери роҳбарии профессор Давлаталӣ Алимов дар озмун иштирок намуд.

Аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба ғолиб ва роҳбари ӯ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.