Дар соли ҷорӣ беш аз 20 ҷоиза аз озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ва “Маснавихонӣ” ба даст овардаанд. Шароити дарсу таълим дар сатҳи хуб аст, ки шогирдони ин даргоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд.

  • Чандин шогирдонро барои ҳимояи номзадӣ пешбарию кумак кардам, вале чунин дастгирию пешвозгириро надидам. Вақте бо шогирдам аз озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” баргаштем шумораи зиёди аҳли илму адаб ва сокинони бешумор дар шаҳри Бохтар моро бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд, ҳамзамон садорати донишгоҳ. Хело шод шудам. Зеро тасмимам пештар ин буд, ки дигар шогирд барои озмунҳо омода намекунам, умрам ба ҷое расидааст, вале аз тасмимам дубора баргаштам. Чун дар дилам дубора оташи ин корро аланга андохтанд. Омодаам даҳҳо шогирди дигар тайёр созам. Раҳмат ба ҳама ташкилкунандагон!!!

Ин суханҳоро аз яке омӯзгори ин даргоҳ шунидам, бениҳоят рӯҳбаланд гаштам. Ҳастанд чунин нафарони сарсупурдаи кор ва ба синну сол нигоҳ накарда, нерӯи худро барои шогирдон дареғ намедоранд.

Зиҳи ОМӮЗГОР, онеки умри ҷавони хешро ба фарзанди яке мебахшед.

Бознашр аз сафифаи Манучеҳр Ҳасанов, рӯзноманигор аз телевизиони “Хатлон”