Имрӯз, дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав ба ифтихори 1020 солагии Носири Хусрав озмуни донишгоҳӣ “Дониш андар кони ҷоннат гавҳар аст” оғоз гардид, ки дар он Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон ва довталабон иштирок намуданд.

Озмуни мазкур аз рӯйи ду номинатсия: хондан ва аз ёд кардани осори Носири Хусрав ва ба оҳанг даровардан ва сурудани шеърҳо аз эҷодиёти Носири Хусравро дар бар мегирад.

Дар озмун хонандагони литсейи назди донишгоҳ, донишҷӯёни ҳама факултетҳои донишгоҳ, магистрҳо, докторантон, унвонҷӯёни донишгоҳ, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ҳуқуқи иштирок доранд.

Ғолибони озмун бо Шоҳҷоиза, мукофоти пулӣ ва дигар туҳфаҳои таъсисдодаи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.

Аксбардор Сафар Бекмуродзода