Моҳи ноябри соли ҷорӣ панҷ нафар донишҷӯёни факултети информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ба шаҳри Хуҷанд сафарбар гардиданд.

Сафар ба шаҳри бостонии Хуҷанд насиби донишҷӯён Ҷабборзода Муҳаммадӣ, Сафарзода Зиёвуддин, Ҳошимов Фарух (ихтисоси системаҳои автоматикунонидашуда), Забиров Муҳаммад ва Бадалов Ораз (ихтисоси низом ва технологияҳои иттилоотӣ) гардид.

Донишҷӯёнро декани факултети информатика Ҳасанов Д. Р. роҳбарӣ намуда, давоми зиёда аз ду ҳафта онҳоро ҳамроҳӣ намуд. Мақсади асосии ин чорабинӣ омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи якдигар буд. Донишҷӯён дар баробари таҷрибаомӯзӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо шаҳри Хуҷанд, мавзеъҳои таърихии он, донишгоҳу донишкадаҳо, осорхонаҳо, Қасри Арбоб, Баҳри тоҷик ва ғайра аз наздик шинос гардиданд. Чи тавре ки худи донишҷӯён иброз намуданд, сафари онҳо ба маркази вилояти Суғд бобарор, судманд ва шавқовару хотирмон анҷом ёфт.

Дар раванди мубодилаи таҷриба донишҷӯёни мо дар дарсҳои устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ширкат варзиданд. Донишкадаи мазкур яке аз марказҳои шинохташудаи соҳаи барномасозӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маҳсуб меёбад. Хусусан, дарсҳои дотсент Худойбердиев Хуршед Атохонович дар самти барномасозӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи донишҷӯёни мо гардид. Дар воқеъ устод Хуршед Атохонович яке аз мутахассисони машҳури ҷумҳурии мо дар самти барномасозӣ ба шумор меравад. Дар ин донишкада як гурӯҳ олимони ҷавон дар самти фанҳои дақиқ ва техникӣ кору фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо дастпарварони мактаби илмии академик Усмонов Зафар Ҷураевич мебошанд.

Баъди анҷоми сафари корӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба меҳмонон (ба донишҷӯён ва дар симои онҳо ба донишгоҳи мо) устод Хуршед Атохонович китоби худро бо номи «Масъалаҳо барои омӯзиши барномасозӣ» бо теъдоди 36 нусха туҳфа намуд. Ин китобро устоди болозикр бо ҳаммуаллифии ҳамкоронаш Солиев Одилхуҷа Маҳмудхуҷаевич ва Солиев Парвиз Абдувоҳидович рӯйи нашр овардаанд. Китоб бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати васоити таълим пешниҳод шудааст. Китобро матбааи «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд бо теъдоти 1000 нусха чоп намудааст. Ин васоити таълим барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, амалӣ-озмоишӣ ва озмоишии донишҷӯёни силсила ихтисосҳои информатика пешбинӣ шудааст. Аз васоити мутазаккира устодону донишҷӯён дар раванди дарсҳои технологияҳои иттилоотӣ, асосҳои алгоритмсозӣ ва барномасозӣ, манбаи додаҳо, амалияи барномасозӣ, барномасозии ба объект моил ва ғайра истифода бурда метавонанд. Китоб ҳамчун маҷмуаи масъалаҳо барои омӯзиши барномасозӣ омода шудааст ва аз таҷрибаи бисёрсолаи муаллифон дарак медиҳад. Маводи таълимӣ дар он бо услуби хосу диққатҷалбкунанда пешниҳод шуда, бо иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) дар бораи эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» оғоз меёбад.

Дар пешгуфтор муаллифон мақсад, мазмун, мундариҷа ва сохтори китобро шарҳ додаанд. Китоб аз 30 мавзуъ иборат буда, доир ба ҳар як мавзуъ 30 масъалаи дараҷаи мушкилиашон гуногун пешниҳод шудааст. Масалан, масъалаҳои мавзуи якум ба санҷиши IQ – нишондиҳандаи зеҳнӣ бахшида шудаанд. Барои муайян кардани нишондиҳандаи зеҳнӣ ё худ IQ як меъёри умумиро истифода мебаранд, ки бо ёрии он сатҳи қобилияти тафаккури инсон муайян карда мешавад. Дар барномасозӣ ба монанди математика сатҳи тафаккури зеҳнӣ мавқеи калидӣ дорад. Ҳар як нафар алалхусус барномасозони оянда тавассути масъалаҳои пешниҳодгардида сатҳи тафаккури зеҳнии худро санҷида метавонанд.

Мавзуъҳои дигар ба масъалаҳои мантиқӣ, математикӣ, ҳисобӣ, одӣ, шартӣ, даврӣ, масъалаҳо доир ба массивҳо, масъалаҳо бо тағйирёбандаҳои ғайриададӣ, масъалаҳо доир ба коркарди файлҳо, идораи манбаи додаҳо ва бехатарии онҳо, криптография ва ғайра, бахшида шудаанд.

Чи тавре ки муаллифон иброз менамоянд: «Ба мақсади баланд бардоштани илҳоми барномасозон ва инчунин ёдоварӣ кардани шоиру нависандагон ва олимони халқи тоҷик аз асарҳои безаволи онҳо ба мисли як қатра аз баҳри илму адабиёт ғазалҳо, рубоию порчаи шеърӣ ва ҳикояҳо оварда шудаанд.» Ҳангоми мутолиаи китоб мо низ пай дар пай амалӣ шудани ин мақсади гузошташудаи муаллифонро бараъло мебинем. Масалан, дар саҳифаи 23 баъди анҷоми мавзуи якум аз осори Муҳаммад Мусо Ал-Хоразмӣ мисолҳои мушаххас оварда шуда, дар бораи асарҳои ин олим маълумот додаанд. Силсиламашқҳо доир ба мавзуи дуюм бошад, бо шеъри машҳури устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ анҷом меёбад, ки ду мисраи он чунин аст:

Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,

Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.

Ба ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад ин бод,

Гӯйӣ, ки магар он бод ҳаме аз Хутан ояд…

Маҳз истифодаи ҳамин услуб дар навишти китоб доир ба барномасозӣ дастранҷи муаллифонро қобили қабули хонандагони ихтисосҳои гуногун гардонидааст.

Дар саҳифаи 41-уми китоб панҷ рубоӣ аз Абӯалӣ ибни Сино ва дар саҳифаи 45-ум бошад, порчае аз «Қобуснома» – и Унсурулмаолии Кайковус (Андар толибилмӣ ва фақеҳӣ) оварда шудаанд. Дар саҳифаи 180-ум бошад, порчае аз шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров зери унвонии «Сохти давлатӣ ва ташкили дастгоҳи идораи он» пешниҳоди хонандагони гиромиқадр гардонида шудааст. Вақте ки дар бораи оинаи миллат ё худ шоҳасари «Тоҷикон» сухан меравад, то чи андоза зарур будани ҳатто як порчаи он низ ба шарҳу эзоҳ ниёз надорад. Аз асарҳои Муҳаммад Ғаззолӣ (саҳ.53) ва Муҳаммад Авфии Бухороӣ (саҳ.62) низ порчаҳо пешниҳод шудаанд.

Дар анҷоми мавзуи «Масъалаҳо бо амлҳои шартӣ ва интихоб» як шеъри шакарини бо асал омехтаи Низомии Ганҷавӣ пешниҳод шудааст. Ин шеър зиёда аз 800 сол пеш гӯфта шуда бошад, ҳам то ҳол мубрамияти худро гум накардааст. Хусусан, барои ҷавонону наврасоне ки бо техникаю технологияи муосири компютерӣ сарукор доранд. Беҳтараш ба суханони шоир рӯ меоварем, ки дар ин шеър ифшо шудааст:

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,

Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.

В-акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,

Чун сарв ба авҷ саркашидӣ.

Ғофил манишин, на вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист,

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигаранд, рӯзат аз рӯз…

Айни замон бархе аз ҷавонону наврасон, аз ҷумла донишҷӯён дар назди компютер соатҳои тулонӣ нишаста, ба бозиҳои нодаркор машғул мешаванд. Онҳо вақти қимати худро беҳуда сарф намуда, баъзан ба касалиҳои гуногун мубтало мегарданд. Дар ин ҷо суханони болозикри Низомии Ганҷавӣ айни мудаост (Ғофил манишин, на вақти бозист…). Беҳтараш ба суханони ин шоири ширинкалом ва панду насиҳатҳои волидайну устодон гӯшандохта, ба омӯзиши илму ҳунар, аз ҷумла барномасозӣ машғул шавем на ба бозиҳои дурударози беҳуда (Вақти ҳунар асту сарфарозист…).

Ҳамин тариқ, овардани шеъри Низомии Ганҷавӣ дар васоити таълимии барномасозӣ дуруст, зарур, судманд, ҷолиби диққат ва мувоффиқи мақсад аст. Агар ба забони математикӣ иброз намоем, пас интихоби шеър дар ин ҷо оптималӣ буда, ҷавобгӯи тамоми шартҳою нишонаҳои оптималӣ мебошад.

Масъалаҳо бо истифодаи такроршавии шартиро ғазали машҳури Саъдии Шерозӣ анҷом мебахшад, ки порчае аз ин ғазалро низ наоварда наметавонам:

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,

В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,

Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.

Гуфтам, ба найрангу фусун пинҳон кунам неши дарун,

Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.

Маҳмил бидор, эй сорбон, тунди макун бо корвон,

К-аз ишқи он сарви равон гӯӣ равонам меравад…

Баъди машғул шудан ба масъалаҳои пешниҳодшуда, хондани ин ғазал ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад. Ҳангоми хондани ин ғазал натанҳо дилу дида таскин меёбад, балки садои нотакрори Аҳмад Зоир, садои марғуладори Зафар Нозим ва садои маҳину ширини Гугуш ба гӯш мерасад. Ин сарояндагони сатҳи ҷаҳонӣ бар матни ин ғазал оҳанг эҷод карда, онро сароидаанд. Суруд бар матни ин ғазалро даҳҳо ҳофизон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Узбекистон бозхонӣ намудаанд. Мавриди қайд аст, ки аввалин маротиба ин ғазалро Аҳмад Зоир ва Зафар Нозим сароидаанд. Вақте ки ин суруди Зафар Нозимро Аҳмад Зоир мешунавад, хеле хурсанд шуда ба ӯ баҳои ниҳоят баланд дода изҳор менамояд, ки «Бигзор ин сурудро Зафар хонад.» Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, устод Зафар Нозим ба ин ғазал дар ду шакл оҳанг баста онро чунон ширин, гуворо ва мутантан сароидааст, ки мисли ӯ дигар касе то ҳол насароидааст.

Ғазали болозикри Саъдии Шерозӣ воқеан ҳам яке аз ғазалҳои дӯстдоштатарини мардуми мост. Мо борҳо дар пушти машина (автомобил)-ҳои Тоҷикистони азизамон навиштаҷоти зеринро дидаем:

Эй сорбон, оҳиста рон!…

Чи тавре, ки ҳамагон медонем ин ҳам қисме аз сархатти ҳамин ғазали машҳури Саъдии Шерозист. Ронандаҳо бо ин суханони Саъдӣ ҳамтоёни худро ҳушдор медиҳанд, ки дар роҳ эҳтиёт намуда, аз суръати баланд даст кашанд. Ҳамин тавр, мисолҳои зиёдеро вобаста ба ин ғазали Саъдии Шерозӣ овардан мумкин аст. Пас, чаро математикону барномасозон аз ин ғазал дар кору пайкори касбии худ истифода набаранд. Ин ноадолатист. Ин «ноадолатӣ»-ро Хуршед Атохонович бо ҳаммуллифонаш дар китоби «Масъалаҳо барои омӯзиши барномасозӣ» аз байн бурдаанд ва кори дуруст низ кардаанд.

Ҳамин зайл, аз ашъори безаволи шоирони классику муосир: Абдулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Абдулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ ва Ҳоҷи Ҳусайн Мусозода гулчини ғазалҳо, рубоию порчаҳои шеър дар китоби «Масъалаҳо барои омӯзиши барномасозӣ» оварда шудаанд. Ҳамин услуби баёни маводи таълимист, ки хондани ин китоб барои натанҳо барномасозон, балки доираи ваеи шахсони касбу корашон гуногун шавқовару гуворост.

Мо дар баробари ба даст овардани ин китоб аз масъалаҳои он доир ба мавзуи «Масъалаҳои ҳисобӣ бо истифодаи MS Excel» дар машғулиятҳои ихтисоси математика-информатика ва системаҳои автоматикунонидашуда истифода бурдем. Истифодаи онро ба дигарон низ тавсия медиҳем. Шумо ин китобро аз китобхонаи донишгоҳамон дастрас карда метавонед. Бист нусха аз ин туҳфаи арзишманд ба китобхонаи донишгоҳ супорида шудааст.

Боварӣ дорем, ки ин китоб натанҳо дар тайёр намудани барномасозони оянда ҳиссагузор мешавад, балки дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, шеърдӯстӣ, зебоипарастӣ ва кишваршиносии ҷавонон нақши муассир хоҳад бозид.

А. О. Абдураҳимов,

дотсенти кафедраи САКА ва шабакаҳои алоқаи

ДДБ ба номи Носири Хусрав