Имрӯз 26-уми декабри соли 2023-ум дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-046 назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҳимояи рисолаи номзадии Шарипов Ҳалим Ҳокимович дар мавзуи “Хусусиятҳои ташаккулёбии арзишҳои тарбияи ҷисмонии донишҷўён – омӯзгорони оянда дар шароити муосири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (дар мисоли коллеҷҳои омӯзгории вилояти Хатлон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.04 – Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ) баргузор гардид.

Шарипов Ҳалим, омӯзгори факултети Педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав буда мавзуи номзадии худро, зери роҳбарии Файзалӣ Қурбонов, дотсенти кафедраи педагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳимоя намуданд.

Аз номи ҳайати ҳамкорон ба Шарипов Ҳалим дар фаъолияти минбаъда барору комёбиро таманно дорем.