Соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид

Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Пешниҳоди дахлдор имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд. Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи…

Муфассал

Илму маориф дар меҳвари Паём

Аз муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму пешрафта имконнопазир аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки:…

Муфассал

«НЕРУИ СУХАН». Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон доир мегардад

Дар вилояти Хатлон Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» доир мегардад. Дар озмун рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият доранд, иштирок намуда метавонанд.Озмуни «Неруи сухан» аз рӯйи номинатсияҳои зерин доир мешавад: — «Беҳтарин мақолаи…

Муфассал

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

28.12.2023 16:00, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.…

Муфассал