Шоми имрӯз, 2-юми январи соли 2024 дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи тарбияи Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати омӯзишу тарғиби бандҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо истиқоматкунандагони хобгоҳи донишгоҳ гузаронида шуд.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Сангимурод Шарипов, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Раҷабмоҳ Ниёзова, ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Афзалшоҳ Сироҷиддинов, Маъво Хошокова, Шоҳвайсов Шоҳвалӣ ва Азамат Астанаев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми суханронӣ баромадкунандагон аз ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сокинон, бахусус ҷавонон ва аҳамияти ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ андешаронӣ карданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ аз осори шоиру адибон порчаҳои шеърӣ ва қиссаву ҳикояҳо пешниҳод карданд.

Донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда низ аз осори ниёгонамон порчаҳои шеърӣ қироат намуда, ташкили чунин вохӯриҳоро судманд маънидод карданд.